замин

замин
I
[زمين]
1. хок
2. масоҳате, ки ба қитъаҳо ҷудо карда, дар он киштукор мекунанд, киштзор, мазраа; ислоҳоти замин ниг. ислоҳот; замини вақф таър. замине, ки аз тарафи касе ба масҷид, мадраса ва ғ. бахшида мешуд, ба шарти истифодаи даромади он ба таъмири ин биноҳо ва таъмини талаба, мударрис ва ходимони онҳо; замини дарёбод замини беоби соҳилҳои дарё; замини кишт киштзор, мазраа; замини мурда замине, ки дар натиҷаи солҳо кишт накардан ғайри қобили зироат шудааст; замини обӣ киштзори обёришаванда, ғайри лалмӣ; замини обчакорӣ қитъае, ки дар он сабзавот кишта шудааст; замини пахта пахтазор; замини фарбеҳ замини ҳосилхез
3. таги ҳар чиз: замини ҳавз, замини хона ва ғ.
4. кураи арз, яке аз сайёраҳое, ки мо, инсонҳо, дар он ҳаёт ба сар мебарем
5. мамлакат, кишвар; замину замон тамоми дунё; ҷаҳон; ба замин задан а) ба замин андохтан, ба хок яксон кардан чизе ё касеро; беҳурмату беқадр кардан касеро; б) мағлуб кардан; ба замин задани сухани касе гапи касеро ба эътибор нагирифтан; хоҳиши касеро иҷро накардан; замин кафид(а), одам баромад одам ниҳоят бисёр буд, мардум хеле зиёд буд; замин накафид, ки дароям бисёр шарм доштам, сахт хиҷолат кашидам; замин сахту осмон баланд ҳеҷ илоҷ нест, ҳеҷ чора нест; дар ҷое ба доди касе намерасанд; фарқ аз замин то осмон аст дар байни ду чиз тафовут ниҳоят калон аст
II
[زمين]
а. кит. барҷомонда, он ки ба сабаби беморӣ аз ҷой ҷунбида наметавонад ё бо пой рафта наметавонад
III
[زمين]
а. кит. гарав, қавл

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Полезное


Смотреть что такое "замин" в других словарях:

  • ЗАМИН — Тот, кто обеспечивает что либо, гарант. Земля, почва; основа, фундамент. Сокращенный фонетический вариант имени Замин: Зам. От него образована фамилия Замов. Татарские, тюркские, мусульманские мужские имена. Словарь терминов …   Словарь личных имен

  • заминӣ — [زميني] мансуб ба замин; ҳар чизе, ки дар замин аст; муқоб. осмонӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Замин-юрт — урочище в республике Чечня; находится в месте слияния речек Гумс и Сунжа; раньше здесь находилось одноименное поселение. Зама – собственное имя основателя хутора Замин юрт …   Топонимический словарь Кавказа

  • ЗАМИН — С замином. Яросл. С остановками, запинаясь (говорить). ЯОС 3, 84 …   Большой словарь русских поговорок

  • замин — зам ин, а …   Русский орфографический словарь

  • заминҷунбӣ — [زمين جنبي] ниг. зилзила …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ботлоқзамин — [باتلاق زمين] ниг. ботлоқзор …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • заҳзамин — [زه زمين] замине, ки намнокиаш зиёд аст, замини заҳ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • машриқзамин — [مشرق زمين] мамлакатҳое, ки дар самти офтоббаро – Шарқ воқеанд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сиёҳзамин — [سياه زمين] хоки ҳосилхези сиёҳранг, ки моддаҳои ба кишт ғизодеҳи зиёд дорад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»